Октябр 04, 2017 12:31 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон ба хориҷиҳо

Иҷрои тарҳи муаррифии ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон барои кишварҳои хориҷӣ ба ибтикори ширкати ҳавопаймоии “Сомон – Эйр” бо мушорикати 11 нафар аз намояндагони ширкатҳои хадамоти ҷаҳонгардӣ ва рӯзноманигорон оғоз шуд.

Ба гузориши “Авесто”, ин афрод дар сафари якҳафтаӣ ба вилоятҳои Суғд, Бадахшон ва Хатлон аз маконҳои ҷаззоби таърихӣ ва дидании ноҳияҳои мухталифи ин кишвар боздид карданд ва бо зарфиятҳо ва зерсохтҳои пазириши гардишгарони хориҷӣ дар ин манотиқ ошно шуданд.

Дар ин муддат ба меҳмонон ва намояндагони ширкатҳои гардишгарии Швейдсария, Русия, Қазоқистон, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ ва Кувейт ҷозибаҳои гардишгарии қалъаҳои Ҳисор ва Ҳулбук, оромгоҳ Рӯдакӣ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Искандаркӯл, Марғзор, шаҳрҳои бостонии Саразм ва Карон, шаҳри Норак ва нерӯгоҳи обии он муаррифӣ шуд.

 Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе меҳмонони хориҷӣ аз музей ва Китобхонаи Миллӣ, муҷтамаи Кохи Наврӯз, Боғи Рӯдакӣ ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ боздид карданд.

Бо ин ҳол, бештари масъулони ширкатҳои гардишгарӣ дар Тоҷикистон муътақиданд, ки бо вуҷуди беҳбуди ҷойгоҳи ҷаҳонии Тоҷикистон барои ҷазби гардишгарони хориҷӣ дар 3 соли ахир ва имтиёзоти эътошуда ба ин марказҳо, ҳанӯз ҳам монеаҳои зиёде бар сари роҳи рушди ин бахш қарор дорад.

Масъулони ширкатҳои гардишгарӣ дар Тоҷикистон фаъол набудани Сафорати Тоҷикистон дар ҳамаи кишварҳо ва мушкилоти дарёфти виза, набуди масирҳои арзони ҳавоӣ, надоштани роҳи муносиб дар манотиқи кӯҳистонӣ ва меҳмонхонаҳоро аз монеаҳои рушд ин бахш бармешуморанд.

 

Барчасп