Октябр 05, 2017 11:34 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон фаро расидани Рӯзи Забони тоҷикӣ (форсӣ)-ро табрик гуфт

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расидани панҷуми октябр, Рӯзи Забони тоҷикиро ба мардуми кишвараш табрик гуфт.

Ба гузориши сомонаи итилоърасонии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар як паёми телевизионӣ ба муносибати фарорасии панҷуми октябр - Рӯзи Забони тоҷикӣ, ин рӯйдодро ба унвони решаи пайванди ҳазорсолаҳо ба мардуми кишвараш табрик гуфт.

Вай бо муҳимтарин рукни давлатдории миллӣ хондани забони тоҷикӣ, аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон дархост кард, ки дар рушду ҳифзи забони модарии хеш кӯшо бошанд. Аз дидгоҳи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон забони модарии мардуми тоҷик дар радифи ватан, истиқлол, ҳуввият, фарҳангу ойинҳои миллӣ ва аз ҷумлаи муқаддасоти тоҷикон аст.

Раҳмон таъкид кард, бақои миллат ба бақои забону фанои миллат ба фанои забон бастагӣ хоҳад дошт.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёми телевизионӣ аз равшанфикрон, рӯзноманигорон, пажӯҳишгарон ва тамоми афроде ки дӯстдори забони модарии хеш мебошанд хост, ки барои дур нигаҳ доштани забони тоҷикӣ аз газанди таҳоҷуми вожаҳои бегона талош ба харҷ диҳанду ин мероси арзишмандро ба наслҳои оянда мунтақил кунанд.

Тоҷикистон аз миёни 15 ҷумҳурии узви Иттиҳоди Шӯравии собиқ нахустин кишваре буд, ки дар таърихи 22-юми июни соли 1989 забони форсии тоҷикиро ба унвони забони давлатӣ дар Шӯрои Олӣ (Парлумони вақт) ба тасвиб расонд.

Баъдҳо ба далели ин ки рӯзи 22-юми июн оғози ҳамлаи Олмони фашистӣ ба Шӯравӣ дар соли 1941 буд, ин таърихро ба рӯзи 22-юми июл мунтақил карданд.

Дар соли 2009 ин таърих боз ҳам тағйир кард ва қарор шуд, ки аз Рӯзи Забони тоҷикӣ дар таърихи 5-уми октябри ҳар сол таҷлил ба амал ояд.

 

Барчасп