Октябр 07, 2017 10:44 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалии Оқохон иҷозатномаи фаъолият надод

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо вуҷуди оғози соли таҳсилии ҷадид дар Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ, вобаста ба Бунёди Оқохон дар вилояти Бадахшон муҷаввизи фаъолияти ин маркази омӯзиширо содир накардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Алидод Расулзода, масъули Хадамоти давлатии назорат бар фаъолияти бахши омӯзишу парвариш дар Тоҷикистон иллати содир нашудани муҷаввизи фаъолияти ин донишгоҳро такмил набудани асноду мадорики он ва тамом нашудани кори сохти донишгоҳ эълом кардааст.

Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ, вобаста ба Бунёди Оқохони 4 дар замине ба масоҳати 15 ҳазор метри мураббаъ, дар минтақаи кӯҳистонии вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо ҳазинаи 100 миллион доллар сохта шудааст.

Ба гуфтаи масъулони ин донишгоҳ, маросими расмии ифтитоҳи ин маркази омӯзишӣ бояд бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи октябри имсол баргузор мешуд, аммо ба далоили номаълум ин маросим ба соли оянда ба таъхир гузошта шудааст.

Бар асоси тавофуқ миёни сарони Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо Бунёди Оқохони 4, як донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ дар ин се кишвари Осиёи Марказӣ сохта мешавад, ки яке аз бузургтарин марокизи омӯзишии минтақа хоҳад буд.

 

Барчасп