Октябр 07, 2017 14:29 Asia/Dushanbe
  • “Чилучорчашма”-и Тоҷикистон аз нодиртарин маконҳои оби пок дар ҷаҳон

“Чилучорчашма” дар Тоҷикистон аз маконҳои беназири саёҳатӣ ва яке аз нодиртарин маконҳои оби пок дар ҷаҳон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин минтақа дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон (230 километрии пойтахти Тоҷикистон) воқеъ шуда ва ба хотири шароити хос, мақсади ҳазорон нафар аз ҷаҳонгардони хориҷӣ ва гардишгарони дохилӣ аст.

“Чилучорчашма” номи маҳалле воқеъ дар як минтақаи саҳроӣ аст, ки ибтидо панҷ чашмаи он аз умқи замин хориҷ ва сипас оби онҳо ба 39 ҷуйи хурд тақсим шудааст ва ба ҳамин далел ба 44 чашма маъруф шудааст.

Оби ҷоришуда аз ин чашмаҳо пас аз тайи масофати кӯтоҳе бо пайвастан ба якдигар, канали обе ба арзи ҳудуди 12 то 13 метрро ташкил медиҳад, ки муҳити муносиберо барои парвариши анвои моҳиён ба вуҷуд овардааст.

Ҳамаи чиҳилучаҳор чашмаи мавҷуд дар ин макон исмҳои вижае доранд ва ба эътиқоди мардуми маҳаллӣ ва боздидкунандагон, шустани бадан дар ин чашмаҳо муҷиби ҷилавгирӣ аз амроз ва шифои дардҳои мухталифе монанди резиши мӯйи сар, дармони моргазидагӣ, сармохурдагӣ, устухондард, малярия, сардард, фишори хун, бемориҳои пӯстӣ, нозоӣ, норасоии куллия, бемориҳои қалбӣ, ҷунун, дарди гӯшу чашм ва ...мешавад.

 Гуфта мешавад, оби ин чашма аз умқи 3400 метрӣ хориҷ мешавад ва дорои 16 навъ моддаи маъдании мухталиф аст.

 

Барчасп