Октябр 08, 2017 10:47 Asia/Dushanbe
  • Аҳдофи Чин аз кумак ба Тоҷикистон барои таҳкими марз бо Афғонистон

Давлати Чин ваъда додааст, ки ба Тоҷикистон барои таҳкими марзи ин кишвар бо Афғонистон кумак хоҳад кард.

Ба гузориши “Азия Плюс”, Чин бо ин иқдом барномаи муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ ва ифиротӣ дар Афғонистонро думбол мекунад, ки бархе аз ин созмонҳо хостори ҷудоии вилояти худмухтори Шинҷон-Уйғур аз Чин мебошанд.

Давлати Чин, ки қаблан низ омодагии хешро барои сохти 5 посгоҳи марзии ҷадид миёни Тоҷикистон ва Афғонистон эълом карда буд ва ахиран омӯзиши беш аз100 корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои мубориза бо ҷиноятҳои кибериро бар уҳда гирифтааст. Ин тавофуқ дар дидори чанде қабли Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии  Тоҷикистон бо Guo Shengkun, вазири амнияти умумии Чин дар ҳошияи иҷлоси Маҷмааи умуми Созмони Интерпол дар Пекин ҳосил шуд. Аммо яке аз мақомоти бознишастаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки хост номаш ифшо нашавад мегӯяд, ки ҳадафи аслии Чин аз кумак ба Тоҷикистон барои таҳкими марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон ҷилавгирӣ аз нуфузи созмони ҷудоиталаби Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ мебошад. Зеро ин гурӯҳи террористӣ ва ифиротӣ, ки дар даҳаи 1990 бо кумаки созмонҳои иттилоотии ғарбӣ таъсис шудааст ва дар таркиби гурӯҳи Толибон  дар Афғонистон фаъолият мекунад ва дар созмондиҳии чандин амалиёти террористӣ дар вилояти худмухтори Шинҷон-Уйғур даст дорад.

Вай ҳамчунин таъкид кардааст, ки Чин аз интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон аз ин кишвар ба манотиқи ғарбии хеш нигарон мебошад. Зеро гурӯҳҳои мофиёӣ бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ва Тоҷикистон ба дохили ин кишвар, аз Чин ба Тоҷикистон қурсҳои равонгардон мунтақил мекунанд. Аз сӯе контроли манотиқи кӯҳистонии марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон кори бисёр сахт мебошад ва давлати Чин аз эҳтимоли вуруди афроди вобаста ба созмони ҷудоиталаби Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ ба дохили қаламрави ин кишвар нигарон мебошад.