Октябр 08, 2017 21:33 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши мақомот ба видеои таҳқир дар масҷиди Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ба ҷои пайдо кардану ба ҷавобгарӣ кашидани нафаре, ки мастомаст ба масҷид даромада, намозгузоронро таҳқир мекунад, рӯзи 8 октябр дастрасӣ ба сомонаи “Ахбор”-ро дар дохили кишвар бастанд, ки касе аз ин ҳодиса хабардор нашавад.

Ба иттилои “Ахбор”, аз нимаи дуюми рӯзи 8 октябр хонандагон ба сомонаи "Ахбор” ворид шуда наметавонанд.

Намояндаи яке аз ширкатҳои интернетрасон бидуни бурдани ном ба “Ахбор” гуфтааст, тасмими масдуд кардани дастрасӣ ба ин сомона аз “боло” омадааст ва сабабаш нашри ду гузориши ахир дар бораи таҳқири намозгузорон дар як масҷид аст.

Сомонаи “Ахбор” ахиран видеои мардеро нашр кард, ки костюм дар тану галстук дар гардан мастомаст вориди як масҷид шуда, намозгузоронашро бо алфози қабеҳтарин дашном медиҳад ва таҳдид мекунад, ки агар масҷидро набанданд, ҳамаашонро салафӣ бароварда, ба мақомот месупорад.

Хабарнигори тоҷик Фирӯз Баротов гуфтааст, маҳз ҳамин намояндаҳои ҳукумат ҳисси бадбинӣ, норизоӣ ва мухолифиро дар дили шаҳрвандон ба вуҷуд оварда, онро густариш медиҳанд.

Ба навиштаи ин сомона, мақомот ба ҷои кофтану ёфтан ва ба ҷавобгарӣ кашидани ин мард сомонаи “Ахбор”-ро бастаанд, ки касе аз ин қазия хабар наёбад.

“Ахбор” навиштааст, дар асри 21 бо чунин сайтбандиҳо гирифтани пеши роҳи нашри хабарҳо бо даст бастани роҳи селро мемонад, ки ҳеҷ натиҷае нахоҳад овард.

.