Октябр 11, 2017 22:07 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон раиси Шӯрои сарони ҷомеаи Ҳамсуд дар соли 2018

Дар поёни Нишасти сарони кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд дар Сочии Русия, раёсати давраии ин ҷомеа барои як сол ба Тоҷикистон вогузор шуд.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раиҷумҳури Тоҷикистон, Нишасти ояндаи Шӯрои кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд дар соли 2018 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.  

Тибқи ин гузориш, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар Нишасти сарони кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд дар Сочии Русия, бар зарурати густариши ҳамкории ҷумҳуриҳои узви ин созмон дар муқобила бо терроризму ифротгарӣ таъкид кард .

Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст ҳамчунин хостори тақвияти ҳамкории кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ шуд .

Вай таъкид кард, ки ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ ба унвони яке аз авлавиятҳои равобити байни давлатӣ дар қаламрави ҷомеаи Ҳамсуд арзёбӣ мешавад ва аз сатҳу кайфияти муносиботи иқтисодии ин кишварҳо метавон ояндаи ин ҳамкориҳоро пешбинӣ кард .

Раҳмон ҳамчунин аз сарони кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд хост, барои густариши ҳамкориҳои энержӣ, ҳамлу нақли рейлӣ, кишоварзӣ ва гардишгарӣ миёни ин ҷумҳуриҳо иқдом кунанд .

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд бояд дар заминаи муҳоҷирати атбои хеш ва ба вижа афроди ҷуёи кор ҳамкории наздик дошта бошанд, то ниёзи ҷумҳуриҳое, ки эҳтиёҷ ба ҷазби нерӯи кори мутахассис доранд, бароварда шавад .