Нигаронии Иттиҳодияи Аврупо аз маҳдудиятҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон
Иттиҳодияи Аврупо пас аз баргузории нуҳумин давр аз гуфтугӯҳои худ бо Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, аз маҳдуд шудани фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кардааст.
Ба гузориши дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон, дар ин баёния таъкид шудааст, сабаби аслии маҳдуд шудани фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин кишвар, ташдиди назорати ниҳодҳои ҳукуматӣ бар амалкарди аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ аст.
Иттиҳодияи Аврупо дар баробари мусбат хондани бархе аз дастовардҳои Тоҷикистон дар заминаи ҳуқуқи башар, хостори мушорикати фаъоли созмонҳои ғайридавлатӣ дар тадвини қонунҳои иҷтимоӣ, монанди тарҳи қонуни фаъолияти созмонҳои мардумниҳод ва қонуни ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар ин ҷумҳурӣ шудааст.
Дар ин баёния бо ишора ба талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои коҳиши хушунат дар неруҳои мусаллаҳ ва шиканҷаи афроди боздоштшуда, бар зарурати таваҷҷуҳ ба риояти ҳуқуқи боздоштшудагон, зиндониён ва теъдоде аз вакилони мудофеи зиндонӣ таъкид мешавад.
Иттиҳодияи Аврупо дар ин баёния аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки барои баррасии дубораи парвандаи Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи боздоштшуда иқдом кунад ва ба таъқиб ва фишор бар аъзои хонаводаи мухолифони сиёсии ин кишвар, поён диҳад.
Ҳамчунин ин иттиҳодия аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, маҳдудиятҳои ҷоришуда барои фаъолияти матбуот, сомонаҳои хабарӣ ва рӯзноманигорони мустақилро бардорад.