Октябр 15, 2017 11:03 Asia/Dushanbe
  • Дархости ҳафт соли зиндон барои ду узви шӯрои шаҳри Истиқлол

Додситонии вилояти Суғд хостори эъломи ҳукми ҳафт соли зиндон барои ду узви шӯрои шаҳри Истиқлол дар шимоли Тоҷикистон шудааст.

Ба гузориши сомонаи Top.tj, мақомоти додситонии вилояти Суғд ин ду нафарро муттаҳам ба қаллобӣ ва дарёфти ришва кардаанд.

Хонум Саодат Шарифзода ва Равшан Ҳасанов чаҳор моҳ қабл аз сӯи кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон ба иттиҳоми дарёфти ришва дар баробари вогузории чанд маркази иқтисодӣ ба бахши хусусӣ боздошт шудаанд.

Онон ҳамчунин гумонбар ба талош барои пардохти ришва ба кормандони ин ниҳод ҳангоми ташкили парвандаи ҷиноӣ низ ҳастанд.

Ин мақомот муддаӣ шудаанд, ки ин ду узви шӯрои шаҳри Истиқлол ҳангоми кумак ба як фаъоли бахши хусусӣ барои дарёфти муҷаввизи вогузории чанд маркази иқтисодӣ, маблағи 200 ҳазор доллар ришва гирифта, вале дар амри вогузории ин марокиз, хилофи ваъда амал кардаанд, ки сабаби шикояти ин фаъоли бахши хусусӣ шудааст.

 

Мақомоти додситонии вилояти Суғд ҳамчунин иддао кардаанд, ин ду нафар ҳангоми боздошт ба кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон пешниҳоди пардохти ду ҳазор доллар ришва кардаанд, ки акнун ба парвандаи онон ин иттиҳом низ изофа шудааст.

Бо ин ҳол вакилони мудофеи ин ду нафар мӯътақиданд, ки дар парвандаи муваккилонашон, далоили кофӣ барои маҳкумияти онон ба зиндон вуҷуд надорад.

Дар сурати исботи иттиҳоми кулоҳбардорӣ ва дарёфти ришва бар асоси қонинҳои ҷиноии Тоҷикистон, ин ду узви шӯрои шаҳри Истиқлол аз ду то 12 соли зиндон ва мусодираи амвол маҳкум мешаванд.

 

Барчасп