Бозгашти фарди таҳқиркунанда ба масҷиду намозгузорон ба маҳалли кори худ
Шокирҷон Холдоров, масъули умури дин ва танзими ҷашну маросим дар ҷамоати Чаҳоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон, ки намозгузорони масҷиди рустои Меҳрободро таҳқир карда буд, пас аз пардохти ҷаримаву тай кардани даврони кӯтоҳи маҳкумият, ба маҳалли кори худ бозгашт.
Ба гузориши сайти “Ахбор”, вай ба пардохти ҷаримае муодили 500 сомонӣ ва се рӯзи ҳабс маҳкум шуда буд.
Шокирҷон Холдоров гуфтааст, пас аз ин муддати ҳабс ба фаъолият дар симмати масъули умури дин ва танзими ҷашну маросим дар ҷамоати Чаҳоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ идома хоҳад дод.
Вай танҳо аз таҳқир ба масҷид ва намозгузорони он дар рустои Меҳробод ибрози таассуф карда, вале ҳозир нашудааст аз сокинони ин русто ба иллати тавҳин, таҳқир ва фаҳҳошӣ маъзаратхоҳӣ кунад ва ин корро ба раиси маҳаллаи рустои Меҳробод ҳавола кардааст.
Пас аз интишори навори видиоии тавҳин, таҳдид ва таҳқири намозгузорони ин маркази ибодӣ аз сӯйи Холдоров, бархе масъулони ҷамоати Чаҳоряккорон гуфта буданд, ин масҷид бидуни мушкил ва фаъолияти он қонунӣ аст.
Ба гуфтаи онон, ин масҷид тайи солҳои гузашта сохта шудаву асноду мадорики он комил аст.
Дар ҳоле ки Неъматуллоҳ Давлатов, мудири идораи умури дин ва танзими ҷашну маросим дар ноҳияи Рӯдакӣ гуфта буд, ки ин масҷид фаъолияти ғайриқонунӣ доштааст ва борҳо дар ин замина ба намозгузорон тазаккур дода буданд.
Сайти “Ахбор” бо интишори номаи саркушодае аз хонум Озода Раҳмон, раиси дафтари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост кардааст, бо расидагӣ ба ин моҷаро мушаххас кунад, оё аъмоли чунин фарде, ки худро намояндаи ҳукумат медонад, боиси коҳиши эътибору ҷойгоҳи давлат намешавад?