Август 17, 2016 10:03 Asia/Dushanbe
  • Ибҳом дар идомаи фаъолияти ширкати нафтии Русия дар Тоҷикистон

Мудири Газпром дар Тоҷикистон: Эҳтимол дорад, фаъолияти ин ширкат ба Суғд мунтақил шавад

Расонаҳои хабарии минтақа дар бораи ояндаи фаъолияти ширкати русии Газпром дар Тоҷикистон матолиби зидду нақисе мунташир мекунанд.

Ба иттилои сайти Ка-Ниюз, ширкати русии Газпром эълом кардааст, ки бадалели набуди сарфаи иқтисодӣ, иктишофи захоири газ аз ду майдони "Сариқамиш" ва "Шоҳамбарии ғарбӣ" муҷаввизи фаъолият дар ин ду минтақаро ба ҳукумати Тоҷикистон бозпас хоҳад дод, ки ба маънии хуруҷи қатъии ин ширкат аз ин кишвар аст.

Аммо хабаргузории Азия-Плюс таъкид кардааст, ки эҳтимол дорад, дар сурати мувофиқати ҳукумати Тоҷикистон ин ширкат дар вилояти Суғд ба фаъолияти худ идома диҳад.

Дар ҳамин ҳол Игор Шаталов, мудири дафтари намояндагии ширкати русии Газпром дар Тоҷикистон бо тайиди хабари инсирофи ин ширкат аз истихроҷи газ аз ду майдони "Сариқамиш" ва "Шоҳамбарии ғарбӣ" аз эҳтимоли идомаи фаъолияти ин ширкат дар шимоли Тоҷикистон хабар додааст.

Шаталов иллати аслии инсироф аз идомаи иктишофи захоири газ дар ин ду майдонро  зиёд будани андози эъмолшуда аз сӯи давлати Тоҷикистон унвон кардааст, ки дар шароити буҳронии феълӣ монеи фаъолияти ин ширкат хоҳад шуд.

Ахиран расонаҳои хабарии Тоҷикистон аз эҳтимоли хуруҷи ширкҳое ҳамчун Тотали Фаронса, СНПС-и Чин ва ширкати англисӣ-канадаии Petroleum thesis аз ин кившар дар тирамоҳи имсол хабар дода ва иллати онро зиёд будани андоз эълом карда буданд.