Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон сафар мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i24775-Бердимуҳаммадов_ба_Тоҷикистон_сафар_мекунад
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз сафари қарибулвуқӯи Қурбонгули Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ба Душанбе дар моҳи оянда хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 20, 2017 18:58 Asia/Dushanbe
  • Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон сафар мекунад

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз сафари қарибулвуқӯи Қурбонгули Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ба Душанбе дар моҳи оянда хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, барномаи ин сафар дар дидори Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Бердиниёз Миятиев, муовини вазири хориҷии Туркманистон дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аслов рӯзи гузашта ҷиҳати баррасии масоили марбут ба сафари расмии раисҷумҳури Туркманистон ба Душанбе муовини вазири умури хориҷии ин кишварро ба ҳузур пазируфт. Муовини вазири умури хориҷии Туркманистон ҳамчунин бо ҳамтои тоҷики худ дидор ва масоили марбут ба равобити ду кишварро баррасӣ карданд.

Қурбонгули Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон барои охирин бор дар қолаби як сафари расмӣ дар сентябри соли 2014 ба Тоҷикистон сафар карда буд. Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар таърихи 17 сентябри соли ҷорӣ барои ширкат дар бозиҳои осиёӣ ба Туркманистон сафар кард.