Октябр 24, 2017 17:38 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти масъули фарҳангии Ҷомеаи тоҷикони Канада

Масъули бахши фарҳанги Ҷомеаи тоҷикони Канада шомгоҳи душанбе дар синни 38-солагӣ бар асари бемории саратон даргузашт.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, Ҷомеаи тоҷикони Канада эълом кард, Паймона Ҳамдамова, масъули фарҳангии ин ниҳод шаби 23-юми октябр аз олам чашм пӯшид. Равшан Темуриён, раиси Ҷомеаи тоҷикони Канада низ дар сафҳаи фейсбукии худ навишт: «Паймонабону дар синни 38-солагӣ муҳорибаи чаҳорсолаи хеш алайҳи бемории саратонро дар ғурбат бохт ва ду писари ноболиғу ҳамсарашро танҳо гузошт».

Шодравон Ҳамдамова зодаи шаҳри Панҷакент ва донишомӯхтаи Донишгоҳи забонҳои хориҷии Душанбе буд. Ӯ панҷ соли ахир ҳамроҳи хонаводааш дар шаҳри Монреали Канада зиндагӣ мекард ва дар он ҷо риштаи ҳисобдории Коллеҷи Сан-Леонардо да Винчиро низ хатм кард.

Паймона Ҳамдмова аз байни муҳоҷирони тоҷик нахустин касе аст, ки дар Канада фавт кардааст. Маросими ҷанозаи ин бонуи тоҷик имрӯз дар Маркази исломии Квебек баргузор шуд.