Октябр 25, 2017 12:49 Asia/Dushanbe
  • Зиндон дар интизори ҳомиёни ДИИШ дар вилояти Хатлон

Теъдоде аз сокинони вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон ба иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳи террористии ДИИШ ба зиндон маҳкум шуданд.

Ба тозагӣ додгоҳи Хатлон 9 нафарро ба иттиҳоми гароиш ва пайравӣ аз ақоиди ифротгароёнаи ДИИШ равонаи зиндон кардааст.

Файзиддин Шоҳмардонов ба 20 сол, Сайидмурод Баротов ба 18 сол, Абубакр Сатторов ба 15 сол, Аҳрорхоҷа Ҷононов ва Ҷамолиддин Одинаев ба 12 сол зиндон маҳкум шуданд.

Ҳамчунин барои Аҳадҷон Шамсиддинов 10 сол, Қобилҷон Абдулвосил шаш сол, Азимҷон Шарифов панҷ сол ва Наврӯз Баротов низ шашуним моҳ зиндон дар назар гирифта шудааст.

Тибқи эъломи додгоҳ, Файзиддин Шоҳмардонов, раҳбари ин гурӯҳ бо афроди ДИИШ дар Сурия ва Ироқ иртибот доштааст.

 Нуктаи ҷолиб дар ин парвандаҳо худдории муттаҳамон ва бастагони онҳо аз шикоят ва ризоият ба аҳкоми содираи додгоҳ аст.

Дар ин миён танҳо падари Абубакр Сатторов нисбат ба ҳукми зиндони писараш эътироз карда ва ба гуфтаи вай мавриди иттиҳом қарор гирифтааст ва барои бозбинии парвандааш ба мақомҳои раддаи болоии додгоҳ шикоят хоҳад кард.

Бар асоси оморҳои расмии эъломшуда аз сӯйи масъулони Тоҷикистон, беш аз ҳазор нафар аз атбои ин кишвар ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд, ки 300 нафар аз онҳо дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ кушта шудаанд.

 

Барчасп