Октябр 26, 2017 12:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи духтарон аз танҳо Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Танҳо Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба эҳтимоли қавӣ тайи чаҳор соли оянда сарфан ба як маркази омӯзишии “писарона” табдил хоҳад шуд.

Ба гузориши сайти “ТОП ТҶ”, дар соли таҳсилии ҷадид, ки аз аввали моҳи сентябр оғоз шуд, ҳеч духтаре дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон пазириш нашудааст.

Ин ба маънои он аст, ки бо идомаи ин раванд маркази ёдшуда дар оянда ба донишкадае писарона табдил хоҳад шуд.

Ҳарчанд, ки масъулони ин маркази омӯзишӣ иллати ин амрро пайдо нашудани кор барои духтарони донишомӯхтаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон унвон мекунанд, аммо коршиносон дар ин замина дидгоҳи дигаре доранд.

Ба андешаи онон, сиёсати маҳдуд кардани фаъолияти масҷидҳо, мамнӯияти вуруди писарони то 18 сол ва бонувон ба ин марокизи ибодӣ, мамнӯияти иқомаи намоз дар маҳалли кор, мамнӯияти ҳузури кормандони давлат дар намозҳои ҷумъа, ситез бо ҳиҷоби исломии бонувон, бастани тамоми мадрасаҳои миёнаи исломӣ ва маҳдудият дар омӯзиши Қуръон ва улуми исломӣ аз ҷумлаи барномаҳое аст, ки тайи 10 соли ахир дар Тоҷикистон амалӣ шудааст.

Ба ақидаи коршиносон, ҳамин амр боиси коҳиши иштиғоли духтарон ва афзоиши бекорӣ дар байни донишомӯхтагони ин марказ дар тайи солҳо шуда, ки ба ин сабаб тавваҷуҳи духтарон ба вуруд ба ин маркази омӯзишии исломӣ ҳам коҳиш ёфтааст.

Тайи ин муддат Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ҳам ба донишкада табдил шуд ва дар ихтиёри Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қарор гирифт.

Ҳамчунин синфҳои дарсии ҷудогона барои писарону духтарон ба синфҳои  муштарак табдил ва дар ниҳоят ҳамаи авомил муҷиби тамоюл надоштани духтарон барои омӯзиш дар танҳо Донишкадаи исломии Тоҷикистон шуд.