15 сол зиндон барои як узви ДИИШ дар Тоҷикистон
(last modified 2017-10-28T04:56:07+00:00 )
Октябр 28, 2017 09:56 Asia/Dushanbe
  • 15 сол зиндон барои як узви ДИИШ дар Тоҷикистон

Додгоҳи вилояти Хатлон яке аз сокинони ноҳияи Ёвони ин минтақаро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ва мушорикат дар ҷанги Сурия, ба 15 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сайти “СА-нюз”, Амонқул Эрназарови 25 сола пас аз бозгашт аз Туркия, аз сӯйи кормандони полиси ноҳияи Ёвон боздошт шуд. Ин дар ҳолест, ки номи вай дар феҳристи афроди таҳти таъқиб барои узвият дар гурӯҳҳои террористӣ вуҷуд надошт.

 Мақомоти қазоии вилояти Хатлон мегӯянд, ки Эрназаров дар соли 2015 барои кор ба Русия рафта буд ва дар соли 2016 ба волидайнаш эълом карда, ки дар Туркия кори матлубе ба даст овардааст.

Аммо вай дар ин муддат ба дархости бародараш Фазлиддин бо узвият дар созмони ифротии “Катоиб-ул-Бухорӣ” (яке аз шохаҳоҳои гурӯҳи террористии ДИИШ, ки 350 ҷангҷӯи ӯзбак дар он узвият доранд), дар даргириҳои шаҳри Ҳалаби Сурия ширкат кардааст.

Фазлуллоҳ, бародари Амонқул ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои террористӣ таҳти таъқиби мақомоти амниятии Тоҷикистон қарор дорад.

Амонқул дар додгоҳ гуфтааст, дар остонаи озодии шаҳри Ҳалаб, ки манобеи молии ДИИШ рӯ ба коҳиш мегузорад, ба ҳар ҷангҷӯи ин гурӯҳ моҳона танҳо 30 доллар дастмузд медоданд. Аз ин рӯ ба иллати талафоти сангини гурӯҳи ДИИШ дар Ҳалаб, вай бо тағйири чеҳра ба ҳамроҳи паноҳандагони сурӣ ба Туркия бармегардад ва тасмим ба бозгашт ба Тоҷикистон мегирад.

Пас аз эъломи ҳукми 15 соли маҳкумият ба зиндон барои Амонқул Эрназаров аз сӯйи додгоҳи вилояти Хатлон, Абдулғаффор Саидов, вакили мудофеи вай ба ин ҳукм эътироз кард.

Ба ақидаи вай, Эрназаров бояд ба хотири эътирофоташ ва ин ки довталабона аз гурӯҳи ДИИШ ҷудо шудааст, мавриди афв қарор мегирифт. Аммо мақомоти ин додгоҳ гуфтаанд, ки ҳукми афв танҳо барои афроде татбиқ мешавад, ки дар даргириҳои Сурия ва Ироқ мушорикат надошта бошанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран маркази пажӯҳишии “Soufan group”, ки мақарри он дар Ню-Йорк қарор дорад, аз ҳузури 700 ҷангҷӯи тоҷикистонӣ дар Сурия хабар додааст, ки аз сарнавишти онҳо иттилои дақиқе дар даст нест.