Ташхиси манотиқи осебпазири фарҳангӣ дар Тоҷикистон
Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, манотиқи дорои осебпазирии боло ба лиҳози гароиш ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротиро дар ин кишвар мушаххас кардааст.
Ба гузориши сайти Top.tj, меъёри мушаххас кардани ин манотиқ теъдоди ҷавононе аст, ки ҷазби гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ шудаанд.
Бар ин асос навоҳии атрофи шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ва ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ дар вилояти Бадахшон дорои бештарин аъзои ин созмонҳо ба ҳисоб меоянд.
Мулломухтор Муллоев корманди ин пажӯҳишгоҳ гуфтааст, аз ин манотиқ ҷавонони зиёде бо гароиш ба гурӯҳи террористии ДИИШ, ба Сурия ва Ироқ рафтаанд ва нуфузи созмонҳои ифротии монанд "Салафия" ва "Ҳизби Таҳрир" низ дар ин навоҳӣ ба чашм мехӯрад.
Вай бекорӣ, фақр, муҳоҷирати корӣ ба Русия, надоштани эътиқодоти динӣ, муҳити хонаводагии номуносиб ва қарор гирифтан дар маърази таблиғоти бади ин гурӯҳҳоро аз авомили умдаи гароиши ҷавонони тоҷик ба созмонҳои террористӣ ва ифротӣ донистааст.
Мулломухтор Муллоев аз руҳонёни мусулмони тоҷик низ интиқод кардааст, ки дар бораи аҳдоф ва барномаҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротии монанди ДИИШ, ифшогарӣ намекунанд.
Ӯ дар айни ҳол гуфтааст, ки тайи як соли охир, раванди гароиши ҷавонон ба ин созмонҳо коҳиш ёфтааст.
Мақомҳои Тоҷикистон эълом кардаанд, як ҳазору 300 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар бо пайвастан ба гурӯҳи ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, ки беш аз 300 тан аз онҳо дар даргириҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.