Октябр 30, 2017 10:26 Asia/Dushanbe
  • Оташсӯзӣ дар бузургтарин бозори вилояти Хатлон

Бар асари оташсӯзӣ дар бузургтарин бозори вилояти Хатлон, мавсум ба “Ҳоҷӣ Шариф” дар шаҳри Қурғонтеппа ба дӯконҳо дар масоҳати 370 метри мураббаъ хисорот ворид шудааст.

Ба гузориши сайти “Ахбори Осиёи Марказӣ”, ин бозор, ки дар масоҳати 11 гектар воқеъ шудааст, маҳалли фаъолияти ҳафт ҳазор нафар буд, аммо ба гуфтаи мақомоти Идораи оташнишонии вилояти Хатлон хушбахтона ба касе осеб нарасидааст.

 Ин мақомот эълом кардаанд, ки иллати оташсӯзӣ дар бозори “Ҳоҷӣ Шариф” расиши кӯтоҳи симҳои барқ мебошад.

Бар асоси ин гузориш, ба далели ин ки оташсӯзӣ ҳангоми субҳ, ки косибони ин маркази тиҷорӣ тоза ба маҳалли кори хеш ҳозир мешуданд, рух дода буд, ба онон осеб нарасидааст.

Барои маҳори оташ аз 18 мошини оташнишонӣ аз маркази вилоят ва мошини мавҷуд дар бозорҳои дигари шаҳри Қурғонтеппа истифода шуд, ки бо ин иқдом аз густариши забонаҳои оташ дар ин маркази тиҷорӣ ҷилавгирӣ ба амал омад.

Мавориди оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон дар солҳои ахир афзоиш ёфтааст.

Дар моҳи июли имсол оташсӯзӣ дар бозори бузурги шаҳри Душанбе, мавсум ба “Корвон” хисороти фаровони молӣ бар ҷой гузошт.

 Ҳамчунин бозори маркази ноҳияи Фархор дар минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон тобистони имсол дар оташ сӯхт.

Бозори мавсум ба “Фаровон” дар шаҳри Қурғонтеппа низ туъмаи оташ шуд.

Замоне, ки фурӯшандагони бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе ба далели ворид шудани хисорати фаровони молӣ дар пайи оташсӯзии тобистони имсол эътироз карданд, масъулони шаҳрдории Душанбе ба онон ваъда доданд, ки барои сохти дубораи дӯконҳову таъхир дар бозпардохти қарзҳои бонкӣ кумак хоҳанд кард, аммо ин иттифоқ наафтод.