Ба зиндон маҳкум шудани наздикони Гулмурод Ҳалимов
Додгоҳи вилояти Хатлон ду бародар ва як бародарзодаи полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимовро ба 7 то 18 сол маҳкум ба зиндон кард.
Ба иттилои Авесто, рӯзи 4 июл дар амалиёти боздошти хешовандони Ҳалимов дар ноҳияи Восеъ 4 тани онҳо кушта ва се нафар боздошт шуданд. Мақомот гуфтанд, ки онҳо қасди фирор ба Афғонистон ва пайвастан ба ДИИШ-ро доштанд.
Бар асоси ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон, Алӣ Ҳалимов, бародарзода ва Комил ва Назир Ҳалимовҳо, бародарони полковники Гулмурод Ҳалимов, фармондиҳи собиқи нерӯи вижаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки соли 2015 ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайваста буд, ба ҳафт ва 18 соли зиндон маҳкум шудаанд.
Дар ҷараёни як амалиёти вижа дар ноҳияи Восеъ ду бародар ва ду бародарзодаи Гулмурод Ҳалимов кушта шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон дар моҳи апрел Беҳрӯзи Гулмурод, писари 18-солаи Гулмурод Ҳалимовро боздошт карда, моҳи июн ба 10 соли зиндон маҳкум карданд. Ба гуфтаи мақомот, Беҳрӯзи Гулмурод замоне дастгир шуд, ки чиптаи парвоз ба Маскавро дар даст дошт ва бовар мерафт, ки ӯ мехоҳад ба воситаи Русия ба пеши падараш биравад.
Гулмурод Ҳалимови 42-сола, ки фармондеҳи ОМОН – воҳиди вижаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буд ва дар мактабҳои махсуси Русияву Амрико тамрин гирифтааст, дар моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва моҳи майи ҳамон сол бо нашри як видео дар Интернет хабар дод, ки дар Ховари Миёна аст ва ба сафи созмони тундрави ДИИШ пайвастааст.
Вай дар Тоҷикистон ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, узвият дар гурӯҳи террористӣ ва нақзи савганди вафодории афсарӣ таҳти пайгарди қазоӣ қарор дорад.