Ноябр 02, 2017 21:50 Asia/Dushanbe
  • Дастури барканории бархе имомони масоҷиди Тоҷикистон

Кумитаи дини Тоҷикистон ирсоли барқия бо талаби дар зарфи 15 рӯз аз мақомҳояшон озод кардани ходимони диниии дар хориҷ таҳсилкардаро тасдиқ кард.

Ба иттилои Ахбор, ин нома аз номи муовини якуми раиси ин Кумита Амирбег Бегназаров ирсол шудаааст.

Дар ин нома гуфта мешавад, вақтҳои охир даст задан ба ҷинояткорӣ аз ҷониби ходимони диние, ки дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таҳсил намудаанд, баъзан ба назар ва мерасад ва ба ин далел, онҳоро бояд озод карда, ба ҷояшон шахсони арзанда интихоб шаванд.

Дар солҳои охир рӯҳониёне, ки дар мадрасаҳои хориҷӣ таҳсил кардаанд, мавриди шубҳаи афзояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амниятии Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Танҳо дар соли 2016 ва танҳо дар як вилояти Суғд ҳудуди 20 имомхатибро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо "Ихвонулмуслимин” дастгир ва маҳкум ба зиндон карданд.

Аммо қарори маълум, раиси кунунии Шӯрои уламои Маркази исломӣ (муфтиёти собиқ) Саидмукаррам Абдулқодирзода низ хатмкардаи донишгоҳи Исломободи Покистон аст.

Раиси кунунии Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода низ дар хориҷ – дар Покистон ва Арабистони Саудӣ ва раиси Донишкадаи исломӣ Тоҷиддин Асомуддинзода дар Эрон таҳсил кардааст.