Бозори худравҳои Тоҷикистон дар ихтиёри мошинҳои олмонӣ
Баррасии пурфурӯштарин мошинҳои хориҷӣ дар бозори Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ниме аз ин бозор дар ихтиёри ду мошини олмонии “Опел” ва “Мерсадес” (Бенз) қарор дорад.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, аз маҷмӯи 7 ҳазору 308 худрави мухталифи хориҷие, ки аз тариқи интернет дар бозори мошини Тоҷикистон ба фурӯш гузошта шуда, 4 ҳазораш “Опел” ва 1 ҳазору 79 дастгоҳ “Мерседес” будааст. Аз ин рӯ, ин ду худрави олмонӣ дар муқоиса бо мошинҳои сохти Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Русия ва Чин дар бозори мошини Тоҷикистон аз нигоҳи доштани мутақозии харид дар раддаҳои аввал ва дувум қарор доранд.
Албатта, дар бозори фурӯши худрави Тоҷикистон қимати мошинҳои ҷадид ва коркарда мутафовит аст. Зеро бахше аз ниёзи бозори дохилии Тоҷикистон ва ба вижа ақшори камдаромад аз тариқи воридоти худравҳои дасти дувуми олмонӣ таъмин мешавад, ки дар муқоиса бо худравҳои ҷадид 10 то 20 баробар арзонтар аст.
Бо ин ҳол баррасиҳо нишон медиҳад, тайи 10 моҳ аз соли ҷорӣ воридоти мошин ба Тоҷикистон наздик ба 40 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар ин муддат анвои худрав дар маҷмӯъ ба арзиши 64 миллиону 200 ҳазор доллар ба Тоҷикистон ворид шуда , ки ин рақам 28 миллиону 700 ҳазор доллар камтар аз давраи мушобеҳм соли қабл аст.
Коршиносон иллати аслии коҳиши воридоти худрав ба Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ кам будани тақозо дар бозори дохилии ин кишвар унвон мекунанд.
Аз сӯйи дигар, дар ин муддат 4 ҳазор мошин ба Тоҷикистон ворид шуда, ки аз ин теъдод танҳо 800 - тояш ҷадид ва бақия дасти дувум будааст.
Бар асоси қонунҳои гумруки Тоҷикистон, воридоти мошинҳои ҷадид ба ин кишвар бо 50 дарсад тахфиф ҳамроҳ аст.