Омодабоши аврупоиҳо дар баробари сенаряи Амрико дар бораи Гренландия
-
Омодабоши аврупоиҳо дар баробари сенаряи Амрико дар бораи Гренландия
Дар пайи такрори изҳороти раиси ҷумҳури Амрико дар бораи лузуми дар ихтиёр гирифтани Гренландия, кишварҳои аврупоӣ ба вижа Фаронса ва Олмон дар ҳоли ҳамоҳанги барои тадвини вокуниши муштарак ҳастанд вокунише, ки бар ҳифзи ҳокимияти Донморк ва ҳақи мардуми Гренландия таъкид дорад ва ҳаргуна иқдоми якҷониба Амрикоро бо чолиши ҷидди ру ба ру мекунад.
Муттаҳидони аврупоӣ бо меҳаварияти Фаронса ва Олмон ройзаниҳои фишурдаеро барои мувоҷиҳа бо иқдоми эҳтимолии Амрико зидди Гренландия оғоз карданд ба гуфтаи як манбаъи давлати дар Олмон, Берлин дар ҳамоҳангии наздик бо Донморк ва дигар кишварҳои аврупоӣ, сенаряҳои мухталифи вокуниши сиёсӣ ва дипломотикро барраси мекунад.
Ба гузориши Порс Тудей вазири корҳои хориҷии Фаронса Жан-Ноэл Барроу эълон кард, ки масъалаи Гренландия дар ҷаласаи муштарак бо вазирони корҳои хориҷии Олмон ва Лаҳистон матраҳ хоҳад шуд. Барроу бо таъкид ба зарурати амали дастаҷамъона гуфт, ки Аврупо қасд дорад посух диҳад, аммо ин посух бояд дар чаҳорчӯби ҳамкории шарикони аврупоӣ ҳамоҳанг ва амалӣ карда шавад.
Дар ҳамин ҳол, як мақоми баландпояи аврупоӣ Данияро ҳамчун нуқтаи асосии ҳамоҳангсозии ин посухҳо муайян кардааст, гарчанде ки Копенҳаген ҳанӯз намуди дастгирии интизориро мушаххасан эълон накардааст.
Дар рӯзҳои охир, роҳбарони якчанд қудратҳои бузурги аврупоӣ, дар баробари Канада, дар мавқеъҳои муштарак таъкид кардаанд, ки Гренландия ба мардуми он тааллуқ дорад ва ояндаи он набояд мавзӯи музокирот бо қудратҳои хориҷӣ бошад. Ин мавқеъҳо пас аз он ки Доналд Трамп таваҷҷуҳи худро ба назорати ҷазираи стратегӣ таъкид карда, онро барои амнияти низомии Амрико муҳим тавсиф кард, шадидтар шуданд. Дар айни замон, Кохи Сафед дар бораи баррасии имконоти гуногун, ҳатто як равиши низомӣ, сухан гуфт; равише, ки Аврупо ошкоро мухолифат кардааст.
Баръакс, Дания ва ҳукумати маҳаллии Гренландия ҳама гуна фурӯши ҷазираро рад карданд ва даъват карданд, ки бо Вашингтон фавран музокирот анҷом дода шавад. Мақомоти Дания низ иддаоҳо дар бораи ҳузури зиёди киштиҳои Русия ва Чин дар атрофи Гренландияро беасос номиданд. Бо вуҷуди шумораи ками аҳолӣ, мавқеи стратегӣ ва захираҳои бойи маъданӣ, Гренландия ба яке аз нуқтаҳои доғи геополитикии ҷаҳон табдил ёфтааст.