Ноябр 08, 2017 17:05 Asia/Dushanbe
  • Дидори Зариф бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар Душанбе, пойтахти ин кишвар дидор ва дар бораи масоили дуҷониба ва таҳаввулоти минтақаӣ гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири умури хориҷаи Эрон субҳи имрӯз ба даъвати расмии мақомҳои Тоҷикистон,‌‌ вориди Душанбе шуд .

Муҳаммадҷаводи Зариф қарор аст, пас аз дидор бо мақомоти Тоҷикистон ба Самарқанд, яке аз шаҳрҳои муҳими торихии Узбакистон сафар кунад .

Вазири умури хориҷаи Эрон дар Узбакистон, илова бар дидору гуфтугӯ бо мақомҳои ин кишвар, рӯзи ҷумъа дар Конфронси байналмилалии “Амният ва тавсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ” низ ширкат хоҳад кард .

Дар ин конфронс, мақомҳо ва шахсиятҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ҳузур хоҳанд дошт .

 

Барчасп