Зиндон барои ду нафар дар Суғд ба ҷурми узвият дар гурӯҳи Салафия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i25425-Зиндон_барои_ду_нафар_дар_Суғд_ба_ҷурми_узвият_дар_гурӯҳи_Салафия
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистон ду сокини ин шаҳрро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуи Салафия ба зиндон маҳкум кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 14, 2017 07:02 Asia/Dushanbe
  • Зиндон барои ду нафар дар Суғд ба ҷурми узвият дар гурӯҳи Салафия

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистон ду сокини ин шаҳрро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуи Салафия ба зиндон маҳкум кард.

Ба нақл аз Азия Плюс, Некруз Маъруфзода, қозии додгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфтааст, ки ду сокини ин шаҳр бо номҳои Нуриддин Подшоҳов Фазлиддин Баҳриддинов ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнуи Салафия ба тартиб ба панҷ солу шаш моҳ ва панҷ сол зиндон маҳкум шудаанд .

Вай таъкид кардааст, ки ин ду нафарро кормандони Кумитаи амнияти миллии вилояти Суғд дар моҳҳои август ва сентябри имсол ба иттиҳоми таблиғи афкор дар гурӯҳи мамнуи Салафия боздошт кардаанд .

Маъруфзода таъкид кардааст, ки ин ду аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба таблиғи андешаҳои гурӯҳи мамнуи Салафия пардохта ва бо ашхосе дар Арабистони Саудӣ дар иртибот будаанд .

Вай ҳамчунин гуфтааст, ки Нуриддин Подшоҳов ва Фазлиддин Баҳриддинов дар масҷиди Нури Имон дар шаҳраки Обшорон аз тавобеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба таблиғи афкори гурӯҳи Салафия машғул будаанд .

Ин дар ҳолест, ки Искандар Сироҷиддин‌ов, имомхатиби ин масҷид ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи Салафия таҳти пайгарди қазоӣ қарор дорад ва аз Тоҷикистон фирор кардааст .

Фаъолияти гурӯҳи Салафия ба унвони созмонии ифротӣ дар солҳои 2009 ва 2014 ду бор аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар мамнуъ шудааст ва токунун садҳо нафар аз аъзои ин гурӯҳ боздошту равонаи зиндон шудаанд .

Аз миёни ин афрод метавон ба маҳкумият ва озодии Сироҷиддин Абдураҳмонов ва писараш Киромиддин ва низ Муҳаммадии Раҳматиллоҳ аз сарони ин гурӯҳ дар Тоҷикистон ишора кард, ки Раҳматиллоҳ давраи маҳкумияташро мегузаронад .