Ноябр 15, 2017 10:54 Asia/Dushanbe
  • Истихдоми бонувон дар бахши роҳнамоиву ронандагӣ дар вилояти Суғд

Раиси полиси вилояти Суғд бо интиқод аз набуди кормандони зан дар бахши роҳнамоиву ронандагии ин минтақа, дастури истихдоми бонувонро содир кард.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, генерал Шариф Назарзода гуфтааст, дар ҳоли ҳозир дар бахши роҳнамоиву ронандагии вилояти Суғд ҳатто як корманди зани нозири роҳ вуҷуд надорад, ки бояд ин вазъ ислоҳ шавад.

Вай таъкид кардааст, қаблан дар бахши роҳнамоиву ронандагии вилояти Суғд як зан фаъолият мекард, ки ба далоили номаълум аз симати худ барканор шудааст. Аз ин рӯ, зарурат дорад, ки дар созмонҳои роҳнамоиву ронандагии вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои бакоргирии  бонувон барномарезӣ шавад.

Фаъолияти бонувон дар идораи роҳнамоиву ронандагии Тоҷикистон падидае ғайримаъмул аст.

Ин дар ҳоле аст, ки теъдоди зиёде аз занон дар бахшҳое аз Вазорати дифоъ, умури дохилӣ ва нерӯи марзбонии Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва бештар дар симатҳои пуштибонӣ машғул ба кор ҳастанд.

Дар соли 2010 дар Тоҷикистон санаде мавсум ба роҳбурди иртиқои нақши занон дар мудирияти давлатӣ тасвиб шуд, ки бар асоси он бояд теъдоди бонувони фаъол дар марокизи ҳукуматӣ афзоиш ёбад.

Ин барнома тадбирҳои мушаххасе дар мавриди афзоиши теъдоди бонувони донишҷӯ ва мутахассис дар марокизи омӯзишии Тоҷикистон ва шуғлҳои мухталиф дар идороти ҳукуматӣ пешбинӣ кардааст, ки як давраи 10 сола то соли 2020-ро дар бар мегирад.