Коҳиши қимати билети ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”
(last modified Thu, 16 Nov 2017 05:40:00 GMT )
Ноябр 16, 2017 10:40 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши қимати билети ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон аз коҳиши қимати билети ҳавопаймоии хеш ба тамоми масирҳо аз 15-уми ноябр хабар дод.

Ба гузориши сомонаи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, Темур Бандишоев, сухангӯи ин ширкат гуфтааст, ҳадаф аз ин иқдом, ки ба муддати як моҳ идома хоҳад дошт, ҷазби бештари мусофирон аст.

Бо ин ҳол, коршиносон муътақиданд, ки дар шароити коҳиши тақозо барои парвозҳо ба Русия дар мавсими бозгашти коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон маҷбур ҳастанд қимати билетро коҳиш диҳанд.

Қимати билети ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ аз фурӯдгоҳи Хуҷанд ба Маскав 11 то 12 ҳазор рубли русӣ аст, ки сабаб мешавад сокинони вилояти Суғд тарҷеҳ диҳанд аз фурӯдгоҳи шаҳри Ботканди Қирғизистон парвоз кунанд, зеро қимати билет дар масири Ботканд ба Маскав шаш то ҳафт ҳазор рубл аст.

Мудирияти фурӯдгоҳи шаҳри Ботканди Қирғизистон гуфтааст, ки 80 дарсад аз мусофирони онон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва агар тоҷикон набошанд ин фурӯдгоҳ мутаҳаммили зиёнҳои фаровони молӣ хоҳад шуд.

Аксари мусофирони ду ширкати “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” коргарони муҳоҷир ҳастанд, ки дар баҳору тобистон барои кор ба Русия мераванд ва дар ин айём тақозо барои билети ҳавопаймо афзоиш меёбад, аммо дар парвозҳои баргашт аз Русия аксари сандалиҳои ҳавопаймоҳо холӣ аст, ки муҷиби афзоиши қимати билет барои ҷуброни хисороти молӣ мешавад.

Дар фасли сармо, ки замони бозгашти коргарони муҳоҷир аз Русия аст, акси ин ҳолатро метавон мушоҳида кард.

Бо ин ҳол, масъулони ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” гуфтаанд, ки акнун қимати билети ин ширкат барои тамоми масирҳо аз 100 то 150 доллар арзонтар шудааст ва мусофирон метавонанд аз ин имтиёз истифода кунанд.