Поёни марҳалаи нахусти Размоиши Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 18 Nov 2017 09:38:36 GMT )
Ноябр 18, 2017 14:38 Asia/Dushanbe
  • Поёни марҳалаи нахусти Размоиши Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Тоҷикистон

Дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, марҳалаи нахусти Размоиши низомии нерӯҳои вокуниши сареи ин созмон дар Тоҷикистонро муваффақиятомез хонд.

Ба нақл аз Спутник, генерал Юрий Хачатуров, дар поёни марҳалаи нахусти ин размоиш дар размоишгоҳи “Ҳарб майдон” дар Тоҷикистон таъкид кард, тавон размии ин нерӯҳо дар муқоиса бо солҳои қабл ба маротиб афзоиш ёфтааст .

Вай ҳузури воҳидҳои низомии тамомии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар марҳалаи нахусти ин размоиш дар Тоҷикистонро аз дастовардҳои ин тамринҳои муштарак тавсиф кард, ки аз дурдасттарин нуқоти Русияву Беларус низ худро ба наздикии марзи Афғонистон расондаанд .

Дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ фаъолияти ситодҳои муштараки нерӯҳои вокуниши сареи ин созмон барои муқобила бо таҳаррукоти эҳтимолии гурӯҳҳои террористии мустақар дар шимоли Афғонистонро аз дигар дастовардҳои ин размоиш унвон кард .

Дар ин марҳала аз Размоиши низомии нерӯҳои вокуниши сареи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Тоҷикистон, панҷ ҳазор низомӣ, 60 фарванд ҷанганда ва чархбол, беш аз ҳазору 500 адад таҷҳизоти зиреҳӣ ва мушакҳои тактикии Искандар мушорикат карданд .

Барои аввалин бор дар ин размоиш, мушакҳои Искандар аҳдоферо дар фосилаи 260 километрӣ дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон нобуд карданд .