Қатъи пардохти нафақаи 3600 нафар дар Тоҷикистон
Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон аз қатъи пардохти ҳуқуқи бознишастагии 3600 нафар дар ин кишвар хабар додааст.
Ба гузориши сойти “Toptj”, Назокат Одиназода, мудири ин идора гуфтааст, ки далели ин иқдом, баррасии муҷаддади парвандаи 3600 нафар аз афроде мебошад, ки ба унвони маъюб ҳуқуқи бознишастагӣ дарёфт мекарданд.
Вай таъкид кардааст, ки тамоми ин афрод бояд мавриди ташхиси пизишкӣ аз сӯи мутахассисони Вазорати тандурустӣ қароргиранд ва дарсурти таъйиди навъ ва дараҷаи маълулияти онон, ҳуқуқи бознишастагии худро дарёфт хоҳанд кард. Зеро дарёфти ҳуқуқҳои чандҳазор сомонии бознишастагӣ бо таҳияи асноди машкук ба унвони маъюб аз сӯи афроде, ки қаблан дар мақомҳои давлатӣ фаъолият доштанд дар баробари ҳаддиақалли ҳуқуқи бознишастагӣ, 270 сомонӣ (муодили 30 доллар) мӯҷиби сарусдоҳои зиёде дар Тоҷикистон шуда буд.
Яке аз ин афрод Амонуллоҳ Ҳукумов, раиси пешини Ширкати давлатии роҳи оҳани Тоҷикистон ва бархе аз кормандони зеридасти вай мебошанд, ки бо таҳияи асноди машкук ба унвони маъюб ҳуқуқҳои бознишастагии ҳангуфт дарёфт мекарданд ва пас аз расонаӣ шудани ин мавзӯъ, Вазорати тандурустии Тоҷикистон тасмим ба баррасии ин мавзӯъ гирифт. Аз ин рӯ, бояд марҳалаи баррасии мизони воқеии маълулияти 3600 нафар дар Тоҷикистон, ки ҳуқуқи бознишастагӣ дарёфт мекунанд, паймуда шавад. Танҳо пас аз тай намудани ин марҳала, метавон мизони ҳуқуқи воқеии ин теъдод аз бозиншастагонро мушаххас кард.
Ин дар ҳоле аст, ки чанд рӯз қабл Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз мизони ночизи ҳуқуқҳои бознишастагӣ дар ин кишвар ба шиддат интиқод карда ва гуфта буд, ки зиндагӣ дар ин кишвар барои бознишастагон бо ҳуқуқи моҳиёна 200 сомонӣ ғайриқобили тасаввур аст.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 660 ҳазор нафар ҳуқуқи бознишастагӣ дарёфт мекунанд.