Маҳкумияти яке аз мубаллиғони афкори ДИИШ ба шаш соли зиндон
Додгоҳи вилояти Хатлони Тоҷикистон як сокини 21-солаи ноҳияи Вахшро барои таблиғи афкори гурӯҳи террористии ДИИШ, ба шаш соли зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши сайти Top.tj, Фирӯз Абдулазизов ҳамчунин муттаҳам ба даъват барои барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон бо истифода аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аст.
Мақомоти додгоҳи вилояти Хатлон гуфтаанд, Фирӯз Абдулазизов 15 августи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз Маскав ба Душанбе боздошт шуд.
Ба гуфта онон, вай замоне ки дар Русия буда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ парчами сиёҳи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро мегузошта ва аз ҷавонони тоҷик мехостааст, ки ба ин созмони такфирӣ бипайванданд.
Нусратулоҳ Мирзоев вакили мудофеи Фирӯз Абдулазизов гуфта, муваккилаш ба иттиҳоми эъломшуда эътироф кардааст.
Мақомоти амниятӣ ва қазои Тоҷикистон мӯътақиданд, ки яке аз роҳҳои аслии ҷазби ҷавонони ин кишвар ба гурӯҳҳои террористии назири ДИИШ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аст.
Ҷурахон Маҷидзода намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон, тобистони имсол ҳангоми баррасии тарҳи қонуни ташдиди контроли идораҳои интизомӣ бар фаъолияти шаҳрвандони ин кишвар дар интернет, гуфта буд, ҳамарӯза шаҳрвандони ин кишвар 90 ҳазор паёмак бо мазмуни пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ дарёфт мекунанд.
80 дарсад аз се миллион шаҳрванди тоҷике, ки аз интернет истифода мекунанд, ҳамарӯза ба сайтҳои мубаллиғи аҳдофи гурӯҳҳои террористӣ ворид мешаванд.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, ки аз як ҳазору 141 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ки барои пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, ҳудуди 300 нафар дар даргирӣ бо артишҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.