Ноябр 23, 2017 11:38 Asia/Dushanbe
  • Кумаки молии 50 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон

Мудири дафтари намояндагии Бонки Рушди Осиё дар Душанбе аз ихтисоси кумаки молии 50 миллиону 85 ҳазордолларӣ ба Тоҷикистон, хабар дод.

Ба гузориши Спутник, Прадиб Сривастава гуфтааст, ин кумаки молӣ барои ҳимоят аз будҷаи ҳукумати Тоҷикистон, рушди фаъолиятҳои бахши хусусӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ ихтисос хоҳад ёфт.

Вай таъкид кардааст, иштиғолзоӣ, додани имтиёз ва тасҳилот ба бахши хусусӣ ва ҳамвор кардани роҳҳои ҷазби сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, аз авлавиятҳои сиёсати ҳукумати ин кишвар аст ва Бонки Рушди Осиё низ қасд дорад аз ин барномаҳо ҳимоят кунад.

Аз ин рӯ 31 миллиону 61 ҳазор доллар аз маҷмӯи кумаки 50 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё, воми камбаҳра ва 19 миллиону 24 ҳазор доллари он кумаки бебозгашт аст, ки ба Тоҷикистон ихтисос меёбад.

Дар моҳи декабри соли 2015 низ Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон кумаки молии 60 миллиондолларӣ ихтисос дода буд.

Тоҷикистон аз соли 1998 ба узвияти Бонки Рушди Осиё даромад ва аз он замон то кунун ин Бонк беш аз як миллиарду 500 миллион доллар вом ва кумакҳои бебозгашти молӣ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор додааст.