Ноябр 24, 2017 19:14 Asia/Dushanbe
  • Паёми телевизионии раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми телевизионӣ Рӯзи Парчами миллиро ба мардуми ин кишвар табрик гуфт.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин паём гуфтааст, Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистони мустақил ва баёнгари иттиҳоду ҳамбстагӣ, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии мардуми ин кишвар аст. Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таърихчаи тасвиби Парчами миллии Тоҷикистон дар иҷлосияи шонздаҳуми парлумони вақти ин кишвар дар соли 1992 тасреҳ кард, таъйиди аввалияи тарҳи Парчами миллӣ ба давраи бисёр ҳассоси таърихи Тоҷикистон бармегардад. Ба гуфтаи ӯ, дар он даврон истиқлоли Тоҷикистон ҳанӯз дар мароҳили ибтидоӣ буд ва мавҷудияти давлату миллат дар хатари воқеӣ қарор дошт. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи ин паёми телевизионӣ ёдовар шуд, мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони далери он бо гирдиҳам омадан зери парчам ба ҷанги дохилӣ поён дода, барои кишвару миллат сулҳу осоиш фароҳам оварданд ва ба дунболи он даврони созандагӣ оғоз шуда ҳамчунон идома дорад.

Аз соли 2009 ба баъд ҳар сол рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон ба унвони Рӯзи Парчами миллӣ гиромӣ дошта ва ба ҳамин муносибат маросими мутааддиде дар саросари ин кишвар баргузор мешавад.