Талоши мақомоти Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ барои тасҳили муҳоҷирати тоҷикон ба Аврупо
(last modified Mon, 18 Jul 2016 05:11:24 GMT )
Июл 18, 2016 10:11 Asia/Dushanbe
  • Талоши мақомоти Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ барои тасҳили муҳоҷирати тоҷикон ба Аврупо

Мақомоти Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон дар хориҷ аз ин кишвар бо намояндагони Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони милал дар Варшава дидор ва авзои муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои аврупоиро баррасӣ карданд.

Ба иттилои сайти Tojinfo, дар ин дидор, ки дар идораи Хадамоти муҳоҷирати Полша баргузор шуд, ду тараф дар бораи мушкилоти сафари муҳоҷирони тоҷик ба кишварҳои аврупоӣ ва бавижа мавонеи мавҷуд дар гузаргоҳи марзии Брест – Тереспол дар марзи Беларус ва Полша баҳсу табодули назар карданд.

Намояндагони Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башарӣ дар ин дидор бо таъкид бар расади таҳаввулоти Тоҷикистон, барои кумак ба он идда аз шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ, ки бадалели фишорҳои сиёсӣ маҷбуранд, ватани худро тарк кунанд, эъломи омодагӣ карданд.

Ҳамчунин мақомоти Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон бо сафар ба минтақаи марзи муштараки Полша бо Беларус бо масъулони ин гузаргоҳи марзӣ дидор ва мавзуи осонсозии убури шаҳрвандони Тоҷикистонро барои сафар ба кишварҳои аврупоӣ баррасӣ карданд.

Мақомоти марзбонии Полша дар ин дидор бо таъкид бар лузуми риояти қавонини ин кишвар аз сӯи муҳоҷирони тоҷикистонӣ эълом карданд, ки дар ин замина бар асоси қавонини ҳуқуқи байналмилал амал хоҳанд кард.

Бар асоси омори расмии идораи Хадамоти муҳоҷирати Полша дар як солу ними ахир наздики ҳазору 200 шаҳрванди Тоҷикистон ба далоили сиёсӣ кишвари худро тарк ва аз Полша дархости паноҳандагӣ кардаанд.

Мақомоти Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчунин қасд доранд, бо сафар ба Австрия ва Олмон мавзуи искони муҳоҷирони тоҷикро дар ин кишварҳо баррасӣ кунанд.