Эҳтимоли бориши барфу борон дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 27 Nov 2017 08:32:35 GMT )
Ноябр 27, 2017 13:32 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли бориши барфу борон дар Тоҷикистон

Бино бар гузориши Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, дамои ҳаво дар ин кишвар якбора тағйир ёфта, бориши барфу борон дар назар аст.

Ба навиштаи сойти “Спутник”, Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз, 27 ноябр дар қаламрави ин кишвар ҳаво якбора тағйир ёфта, боридани борон, барф ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ, ба истиснои ВМКБ борони шиддатнок пешгӯӣ мегардад. Дар назар аст, ки ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа паст шавад.

Бино ба додаҳои ҳавошиносон, ҳаво дар саросари қаламрави Тоҷикистон абрнок буда ва борону барф хоҳад борид. Пешбинӣ мешавад, ки ҳарорати ҳаво имрӯз то 10 — 12 дараҷа пойин шавад.

Ҳавошиносон пешбинӣ кардаанд, ки имрӯз дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1 — 6 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  12-17 дараҷа сард ва рӯзона 0 — 5 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок, дар водиҳо боридани борон ва дар кӯҳсорон борону барф борида, бод аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрнок ва  бориши  борону барфро пешбинӣ кардаанд. Бод аз самти шарқ дар як сония 3-8  метр мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0 — 5 дараҷа сард ва рӯзона 3 — 8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ ҳавои абрнок, боридани борону барф, (баъзан бошиддат) дар назар дошта шудааст. Бод аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0 — 5 дараҷа хунук ва рӯзона 4 — 9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок буда бод аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 0 — 2 дараҷа сард ва рӯзона 7 — 9 дараҷа гарм мешавад.