Ноябр 28, 2017 11:36 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти як зани аҳли вилояти Суғд бо ду фарзандаш аз Сурия

Як зани 32 солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз ду соли ҳузур дар Сурия ва аз даст додани шавҳару писари панҷсолааш ба зодгоҳаш бозгардонда шуд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, манобеи амниятии вилояти Суғд гуфтаанд, ки бо талошҳои ҳукумати Тоҷикистон Санавбар Насруллоева бо ду фарзандаш аз Сурия ба ноҳияи Ҷаббор Расулов бозгардонда шуд .

Ин зан гуфтааст, ки ба ҳамроҳи шавҳару се фарзандаш дар соли 2015 барои кор ба Русия рафта, аммо ҳамсараш муддате пас аз ошноӣ бо чанд фарди ношинос эълом кардааст, ки дар Русия пайдо кардани ҷои кори муносиб имконпазир несту бояд ба Туркия бираванд, зеро дӯстонаш дар ин кишвар шуғле барояш дар назар гирифтаанд .

Ба маҳзи пиёда шудани ин хонаводаи тоҷик дар фурӯдгоҳи шаҳри Истанбули Туркия ду фарди мусаллаҳи тоҷику узбак аз онон истиқбол кардаанд ва замоне, ки Санавбар  ба шавҳараш эътироз мекунад, ки набояд бо ин афроди мусаллаҳ ҳамкорӣ кунад, ҳамсараш ба ӯ мегӯяд, роҳи дигаре несту агар ба ҳарфи онон гуш надиҳад, кушта хоҳанд шуд .

Аъзои ин хонавода сипас аз тариқи Туркия ба Сурияи рафтанду моҳе фақат 200 доллар ба онон пардохт мешуд .

Пас аз 10 моҳи ҳузури ин хонаводаи тоҷик дар Сурия ҳамсари Санавбар кушта мешаваду як писари панҷсолаи ӯ низ дар бомбаборон ҷони худро аз даст медиҳад .

Писари 13 сола ва духтари 9 солаи ин зани тоҷик низ захмӣ мешаванд .

Пас аз кушта шудани шавҳари ин зан, афроде аз гурӯҳи ДИИШ талош кардаанд, ки ӯро ба издивоҷи фарди дигаре дароваранд, ки Санавбар ба баҳонаи беморӣ аз ин амр худдорӣ мекунад .

У ниҳоят аз тариқи хати иртиботии Ватсап бо бастагонаш дар Тоҷикистон тамос мегираду бо хуруҷ аз Сурия бо кумаки кормандони консулгарии Тоҷикистон дар Туркия ба Душанбе мунтақил мешавад .