Ноябр 28, 2017 19:27 Asia/Dushanbe
  • Гӯшти мурғи пастсифат се мақоми тоҷикро бекор кард

Се мақоми масъули бахши назорат дар воридоту фурӯши маҳсулоти ғизоии Тоҷикистон аз мансабҳои худ барканор шуданд.

Ба гузориши сомонаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, бино ба қарори ҳукумати ин кишвар, Абдуллоҳ Қурбониён аз мақоми раиси Ожонси стандартсозӣ, Шералӣ Вазиров аз раёсати Хадамоти назорати байторӣ ва Холмуҳаммад Каримзода аз мақоми раиси Хадамоти назорати давлатии беҳдошт ва эпидемиологӣ барканор шуданд. Ин қарор рӯзи сешанбе дар пайи ҷаласаи ҳайати давлати Тоҷикистон содир шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбе ин афродро ба беэътиноӣ ба мақом ва назорат накардан бар воридоти маҳсулоти ғизоии пастсифат, аз ҷумла гӯшти мурғ муттаҳам кард. Бар асоси ин гузориш, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳайати давлат дар бораи воридоти маҳсулоти ғизоии бекайфият ва зиёновар барои мардум шадидан изҳори нигаронӣ кардааст.