Манъи муваққатии фурӯши симкарта дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 02 Dec 2017 09:53:02 GMT )
Декабр 02, 2017 14:53 Asia/Dushanbe
  • Манъи муваққатии фурӯши симкарта дар Тоҷикистон

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба тамоми марокизу намояндагиҳои фурӯши симкартаҳои телефони ҳамроҳ дастур додааст, ба муштариёни худ батаври муваққат симкарта нафурӯшанд.

Ба нақл аз Toptj, бар асоси дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, аз аввали декабр тамомии дафотиру намояндагиҳои фурӯши симкарта ғайрифаъол шудаанд ва мушаххас нест, ки ин марокиз дубора фаъол мешаванд ё хайр .

Аз ин ба баъд дар Тоҷикистон ҳаққи фурӯши симкартаҳо танҳо ба ширкатҳои мушаххас вогузор хоҳад шуд .

Масъулони алоқаи Тоҷикистон ҳадаф аз ин иқдомро ҷилавгирӣ аз даст ба даст шудан ва истифода аз симкартаҳои Тоҷикистон аз сӯи гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ бо аҳдофи ҷиноӣ дар хориҷ аз кишвар унвон кардаанд .

Дар Тоҷикистон 100 маркази намояндагии фурӯши симкарта фаъолият мекард, ки 80 дарсади онҳо мутааллиқ ба ашхоси ҳақиқӣ ва бақия дар ихтиёри ашхоси ҳуқуқӣ ва ширкатҳои фаъол буданд .

Бар асоси омори ширкатҳои телефони ҳамроҳи Тоҷикистон, 80 дарсади симкартаи муштариён аз намояндагиҳо харидорӣ мешудааст, ки дар сурати ғайрифаъол шудани муваққати онҳо, садҳо нафар кори худро аз даст медиҳанд .

Алоқаи Тоҷикистон то чанд соли пеш аз бахшҳои дорои рушди зиёд дар иқтисоди кишвар маҳсуб мешуд, аммо дар як соли ахир се ширкати Tcell, Megafon ва Beeline ба хотири мушкил дар пардохти андоз ҷарима шуданд .