Муҷаввизи баргузории ҷашни милоди ҳазрати Муҳаммад (с) дар Тоҷикистон содир шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i26233
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо судури ҳукме эълом кард, дар тамоми масоҷиди ин кишвар бояд аз милоди паёмбари Акрам (с) таҷлил шавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 02, 2017 17:26 Asia/Dushanbe
  • Муҷаввизи баргузории ҷашни милоди ҳазрати Муҳаммад (с) дар Тоҷикистон содир шуд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо судури ҳукме эълом кард, дар тамоми масоҷиди ин кишвар бояд аз милоди паёмбари Акрам (с) таҷлил шавад.

Ҳамасола дар моҳи рабеъ-ул аввал маросими милоди мубораки ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳамаи масоҷиди Тоҷикистон баргузор мешавад.

Аз ин рӯ, дар соли ҷорӣ низ дар иртибот бо ин рӯйдоди фархунда, раёсати Шӯрои уламои Тоҷикистон фармоне содир кард, ки бар асоси он, ҷашни милоди Паёмбар (с) дар масоҷиди ин кишвар таҷлил мешавад.

Раёсати Шӯрои уламои Тоҷикистон ба тамоми мардуми ин кишвар фарорасидани милоди мубораки Расули Акрам (с)-ро табрик гуфт.

Мусулмонони ҷаҳон ҳамасола дар моҳ рабеъ-ул аввал милоди ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ҷашн мегиранд.