Декабр 07, 2017 19:05 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Қатар равобити тиҷориро густариш медиҳанд

Сафири Тоҷикистон дар Қатар бо раиси Анҷумани бозаргонони ин кишвар дидор ва бар зарурати баргузории нишасти тиҷории ду кишвар таъкид кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, Хусрав Соҳибзода, сафири ин кишвар дар Давҳа дар дидор бо Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ, раиси Анҷумани бозаргонони Қатар масоили марбут ба тақвияти равобити тиҷории ду кишвар ва роҳандозии содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Қатарро мавриди баррасӣ қарор дод.

Раиси Анҷумани бозаргонони Қатар дар ин дидор, Тоҷикистонро кишвари ҷаззоб барои сармоягузорӣ донист ва аз алоқаи маҳофили тиҷории Қатар ба тавсеаи ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо Тоҷикистон, ба хусус дар заминаҳои кишоварзӣ, санъат, ҳамлу нақл ва гардишгарӣ хабар дод.

Ду тараф дар поёни дидор бар аҳамияти баргузории нишасти маҳофили тиҷории Тоҷикистон ва Қатар дар ояндаи наздик таъкид карданд.