Нигаронии ВУХ-и Тоҷикистон аз ҳузури гурӯҳҳои ифротӣ дар шимоли Афғонистон
Декабр 08, 2017 17:28 Asia/Dushanbe
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.
Сироҷиддин Аслов рузи ҷумъа дар суханоне дар Вена гуфт, таҷаммӯи гурӯҳҳои террористии ДИИШ дар шимоли Афғонистон таҳдиде на танҳо ба суботу амнияти Тоҷикистон, балки ба марзҳои ҷанубии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо низ латма мезанад.
Пеш аз ин расонаҳои гурӯҳии Афғонистон ба нақл аз дабири кулли СПАД шумори террористҳои мустақар дар марзҳои муштараки Афғонистону Тоҷикистонро ҳафт ҳазор нафар эълом карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Афғонистону Тоҷикистон 1430 километр марзи муштарак доранд.
Барчасп