Нигаронии Тоҷикистон аз интиқоли сафорати Амрико ба Байтулмуқаддас
(last modified Fri, 08 Dec 2017 13:39:32 GMT )
Декабр 08, 2017 18:39 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Тоҷикистон аз интиқоли сафорати Амрико ба Байтулмуқаддас

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо интишори баёнияе аз иқдоми давлати Амрико ҷиҳати интиқоли сафорати худ аз шаҳри Телавив ба Байтулмуқаддас ибрози нигаронӣ кард.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз бо интишори изҳороте аз иқдоми Амрико дар ростои интиқоли сафорати худ аз шаҳри Телавив ба Байтулмуқаддас ибрози нигаронӣ кард. Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон омадааст, ин иқдоми Кохи Сафед боиси эҷоди мушкилоти бештари сиёсию амниятӣ ва ташаннуҷи қавмию динӣ дар минтақаи Ховари Миёна хоҳад шуд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар идома бо истинод ба қатъномаи Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, Байтулмуқаддас шаҳри тамоми адён маҳсуб шуда ва мунҳасир кардани он ба як қавм мухолифи қавонини байналмилалӣ мебошад ва ин иқдом ба талошҳои чандинсолаи кишварҳои ҷаҳон барои эҷоди сулҳ дар минтақа латмаи ҷиддӣ ворид мекунад.

Ин ниҳоди дипломатии Тоҷикистон дар поён изҳори умедворӣ кардааст, ки тарафайн аз иқдоми мухолиф бо барқарории сулҳу субот дар минтақа худдорӣ мекунанд.