Декабр 14, 2017 10:50 Asia/Dushanbe
  • Тарки шуғл кардани 200 ҳазор фаъоли бахши хусусии Тоҷикистон дар соли 2017

Анҷумани фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон аз тарки шуғл кардани 200 ҳазор нафар аз намояндагон ин созмон дар соли 2017 хабар дод.

Ба гузориши Toptj.com, ин матлаб дар нишасти ахири Анҷумани фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе эълом шуд. Дар ин нишаст таъкид шуд, ки дар ин миён аз ҳама бештар, яъне 65 ҳазор фаъоли бахши хусусӣ дар вилояти Суғд тарки шуғл кардаанд.

Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе 50 ҳазор нафар ва дар вилояти Хатлон 42 ҳазор нафар муҷаввизи кори худро пас додаанд.

Ҳатто дар камҷамъияттарин вилояти Тоҷикистон, яъне Бадахшон низ чаҳор ҳазор нафар аз фаъолони бахши хусусӣ тарки шуғл кардаанд.

Ин нахустин бор аст, ки 200 ҳазор нафар аз фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон тайи як сол муҷаввизи фаъолияти худро пас медиҳанд.

Рустам Ҷаборов муовини раиси Кумитаи давлати молиёти Тоҷикистон мӯътақид аст, ки ин рӯйдод ношӣ аз таъсири буҳрони иқтисодии се соли ахир аст, зеро 70 дарсади бахши хусусии Тоҷикистон дар бахшҳои хадамот ва тиҷорат фаъолият мекарданд, ки бо коҳиши харидор дигар суде барои онон боқӣ намемонад.

Ба гуфтаи Ҷаборов, дар натиҷаи буҳрони иқтисодӣ, мизони воридоти Тоҷикистон низ коҳиш ёфт ва пардохтҳои гумрукӣ кам шуд.

Ҷабборов афзуд: Қаблан аз хориҷ коргарони муҳоҷир даромади калони молӣ ирсол мекарданд, ки сабаби равнақи бозори дохилии Тоҷикистон мешуд ва акнун бо коҳиши ин маблағҳо иқтисоди кишвар дучори буҳрон шудааст.

Намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон 14 октябри имсол дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳур, нигаронии худро аз молиёти сангин, таҳқиқ ва тафаҳҳуси даҳҳо созмон ва ниҳоди давлатӣ, боло будани суди вомҳои бонкӣ ва аворизи гумрукӣ иброз карда ва ҳушдор дода буданд, агар ин мушкилот дар кӯтоҳмуддат ҳал нашавад, бахши хусусии Тоҷикистон варшикаста хоҳад шуд.