Интиқоли Бузургмеҳр Ёров ба зиндон
Наздикони Бузургмеҳр Ёров, вакил мудофеъе, ки ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст, аз интиқол вай аз боздоштгоҳ ба зиндон хабар додаанд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Хосият Равшанёр, хоҳари вай гуфтааст, бародарашро пас аз ду солу се моҳ боздошт, ба зиндони № -1 мунтақил кардаанд.
Бузургмеҳр Ёрови 46 сола, ки дар сентябри соли 2015 ваколати дифоъ аз масъулони боздоштшудаи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистонро бар ӯҳда гирифта буд, худ дастгир ва ба 28 сол зиндон маҳкум шуд.
Вай дар се парванда ба иттиҳоми ҷаъли аснод, даъват ба барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон, эҷоди танаффури миллӣ ва мазҳабӣ ва тавҳин ба раиси ҷумҳурии ин кишвар ва мақомоти додситонӣ ва додгоҳ маҳкум шуд.
Дар айни ҳол, ин вакили мудофеъ тамоми ин иттиҳомотро беасос хонда ва муътақид аст, барои дифоъ аз ҳуқуқи масъулони Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон мавриди интиқомҷӯии мақомҳои қазоии ин кишвар қарор гирифтааст.
Бештари созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ низ бо сиёсӣ хондани парвандаи Бузургмеҳр Ёров, хостори озодии вай, Зайд Саидов, фаъоли бахши хусусӣ ва раиси ҳизби сабтнашудаи “Тоҷикистони нав” ва ду вакили мудофеъ Нуриддин Маҳкамов ва Шӯҳрат Қудратов шудаанд.
Аммо мақомҳои қазоии Тоҷикистон муддаиянд, парвандаи ҷиноии ин афрод ба фаъолиятҳои сиёсии онон рабте надоштааст ва дар ин кишвар ҳеҷ зиндонии сиёсӣ вуҷуд надорад.