Декабр 18, 2017 10:31 Asia/Dushanbe
  • 5 ҳазор муроҷиа ба раиси вилояти Суғд

Аксар аз сокинони вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон, дархости кумак барои гирифтани заминро матраҳ кардаанд.

Ба гузориши равобит умумии вилояти Суғд, аз ибтидои имсол 5 ҳазору 75 нафар аз сокинони ин минтақа аз раиси ин вилоят, дархости кумак барои ҳалли мушкилот ва масоили хеш кардаанд, ки умдаи ин муроҷиатҳо марбут ба зарурати вогузории замин ба ин афрод мебошад.

Аз ин миён 3 ҳазору 149 нафар бо ирсоли дархости катбӣ, мушкилоти худро матраҳ кардаанд. Ҳамчунин 1 ҳазору 149 нафар ҳузурӣ ба дидори Абдурраҳмон Қодирӣ, раис ва дигар масъулони вилояти Суғд рафта, масоил ва мушкилоти худро баён кардаанд. Ҷудо аз баҳси замину хонаи истиқоматӣ, ки умдаи дархостҳо мебошад, бақияи хостаҳои сокинони вилояти Суғд ба мавзуоти зарурати дарёфти кумаки молӣ, мушкилот дар бахшҳои беҳдошт, дармон ва омӯзишу парвариш иртибот дорад. Бар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Суғд ҳарҳафта дар рӯзҳои шанбе ва чаҳоршанбе шахсан сокинони ин вилоятро ба ҳузур мепазирад ва барои ҳалли мушкилоти ин афрод кумак мекунад.

Ба далели кӯҳистонӣ будан аксари қаламрави Тоҷикистон (93 дарсад), мавзӯи замини таҳти кишт ва истифода аз замин барои сохти хонаҳои истиқоматӣ  аз умдатарини мушкилоти ин кишвар ба ҳисоб меояд. Аз ин рӯ, бештарин мавориди сабт шудаи фасод ва ришвахорӣ дар Тоҷикистон, дар бахши ҷиноёти марбут ба хариду фурӯши замин аст.