Мақоми 108-уми Тоҷикистон дар “Феҳрасти беҳтарин кишварҳо барои кор”
Тоҷикистон дар раддабандии беҳтарин кишварҳо барои кор дар соли 2017, ки нашрияи “Форбс” мунташир карда, аз миёни 153 кишвар ҷойгоҳи 108-умро ба худ ихтисос додааст.
Ба гузориши пойгоҳи интернетии нашрияи “Форбс”, дар ин раддабандӣ меъёрҳое аз ҷумлаи ҳуқуқи моликият, навоварӣ, молиёт, фанноварӣ, фасод, зерсохтҳо, бозор, риски сиёсӣ, сифати зиндагӣ, нерӯи кор, озодиҳо, тиҷорат, бюрократия ва ҳимоят аз сармоягузорон дар рутбабандии кишварҳо дахил будааст. Тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон соли гузашта 6.9 дарсад рушд доштааст.
Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин рутбабандӣ Қазоқистон дар ҷойгоҳи 65, Узбакистон 99 ва Қирғизистон дар рутбаи 123 қарор гирифтааст. Дар мавриди Туркманистон бошад, дар маҷаллаи “Форбс” чизе гуфта нашудааст.
Бар асоси ин рутбабандӣ, Англия, Зеландияи Нав ва Нидерландия дар рутбаҳои аввали “Феҳрасти беҳтарин кишварҳо барои кор” ва Гаитӣ, Гамбия ва Чад дар ҷойгоҳи охири ин рутбабандӣ қарор гирифтаанд.