Декабр 28, 2017 13:13 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе нишасти Шӯрои ҷамъиятии аҳзоб ва гурӯҳҳои Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши “Авесто”, ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии аҳзобу гурӯҳҳои Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар Маркази таҳқиқоти стратегии раёсати Ҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа Шӯрои ҷамъиятии аҳзобу гурӯҳҳои Тоҷикистон бо мушорикати раҳбарони аҳзоби сиёсӣ, анҷуманҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои адабиву фарҳангӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ ҳузур доштанд ва аъзои он гузорише аз натоиҷи фаъолиятҳои худ дар як соли гузашта ироа доданд.

Дар ин нишаст Абдуҷаббор Раҳмонзода, мушовири раисҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши рушди равобити иҷтимоӣ бо арзёбии мусбати нақши ҷомеаи маданӣ дар зиндагии мардуми ин кишвар гуфт, дар соли оянда низ созмонҳои марбута бояд талошҳои худро барои беҳбуди вазъият дар заминаҳои мухталиф тақвият кунанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода афзуд, паёми имсоли раисҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси кишвар мутафовит аз соли гузашта аст ва дар он ба муҳимтарин масоил барои вуруди Тоҷикистон ба марҳалаи ҷадиди рушд таъкид шудааст.

Шӯрои ҷамъиятии аҳзобу гурӯҳҳои Тоҷикистон дар апрели соли 1996 бар асоси тавофуқномаи ризояти ҷамъии имзошуда дар таърихи 9-уми марти 1996 таъсис шуд.

 Шӯрои ҷамъиятии аҳзобу гурӯҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон раҳбарӣ мекунад.