Сафари нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Мадина
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i2761-Сафари_нахустин_гурӯҳи_зоирони_тоҷик_ба_Мадина
185 нафар аз зоирони тоҷик дар қолаби нахустин гурӯҳ аз шаҳрвандони ин кишвар рӯзи якшанбе 21 август аз шаҳри Душанбе вориди Мадинаи Мунаввара шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 22, 2016 04:47 Asia/Dushanbe
  • Сафари нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Мадина

185 нафар аз зоирони тоҷик дар қолаби нахустин гурӯҳ аз шаҳрвандони ин кишвар рӯзи якшанбе 21 август аз шаҳри Душанбе вориди Мадинаи Мунаввара шуданд.

Ба гузориши сайти top.tj, Афшини Муқим – сухангӯи Кумитаи давлатии умури динии Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфт, дар маросими ҳаҷи имсол беш аз 6 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ ширкат мекунанд.

Вай таъкид кард, интиқоли зоирони тоҷик ба Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввара тавассути ҳавопаймоҳои ширкатҳои Сомонэйри ин кишвар ва «Flynas» Арабистон анҷом мешавад.

Бар асоси барномаи Кумитаи давлатии умури динии Тоҷикистон интиқоли зоирони ин кишвар ба Арабистон то 5 моҳи сентябр идома меёбад ва аз рӯзи 17 сентябри соли ҷорӣ бозгашти онон ба кишварашон оғоз хоҳад шуд.

Ҳазинаи маросими ҳаҷи имсол барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон 28 ҳазору ва 649 сомонӣ эълом шуда, ки наздик ба 4 ҳазор доллар мебошад ва дар муқоиса бо дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ гаронтар аст.

Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон сабаби гарон будани ҳазинаи маросими ҳаҷи имсолро дар муқоиса бо соли қабл ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ, афзоиши арзиши доллар дар баробари воҳиди пули миллии ин кишвар ва беҳбуди шароит буду боши онон дар меҳмонхонаҳои Арабистон унвон кардааст.