Декабр 30, 2017 11:24 Asia/Dushanbe
  • Талош барои ташхиси иллати марги ҳамсари раисҷумҳурии собиқи Тоҷикистон

Масъулони пизишкии қонунии вилояти Суғд (ташхиси судии тиббӣ) дар садади ёфтани иллати марги Марям Набиева, ҳамсари раиси ҷумҳурии собиқи Тоҷикистон ҳастанд.

Ба гузориши “Азия плюс” дар ҳоли ҳозир ҷасади ҳамсари Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1991 ва 1992, ки дар пайи оташсӯзӣ дар манзили маскуниаш дар шаҳри Хуҷанд ҷони худро аз даст дода, ба пизишкии қонунӣ мунтақил шудааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, ташхиси иллати марги ҳамсари 80 -солаи раиси ҷумҳурии собиқи Тоҷикистон мумкин аст се рӯз замон бибарад ва натиҷаи таҳқиқот пас аз ин муддат эълом хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ҳамсояҳои вай, оташсӯзӣ дар манзили маскунии хонум Набиева, ки зоҳиран танҳо зиндагӣ мекард, дар тӯли рӯз иттифоқ афтода ва пас аз расидани оташнишонон ҷасади вай дар яке аз утоқҳо пайдо шудааст.

Марям Набиева то соли 1993 устоди Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон буд ва пас аз барканории ҳамсараш, бо оғози ҷанги дохилӣ дар ин кишвар, аз Душанбе ба Хуҷанд нақли макон кард ва то рӯзи маргаш дар ин шаҳр зиндагӣ кард.

Ҳамсар вай -Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳурии собиқи Тоҷикистон низ дар апрели соли 1993 ба тарзи машкуке дар ҳамин манзили маскунӣ ҷони худро аз даст дода буд.