Декабр 31, 2017 10:29 Asia/Dushanbe
  • Соли 2018; Поёни бозсозии чархаи нахусти неругоҳи Сарбанд

Барқи тавлид шуда дар турбини нахусти неругоҳи барқӣ обии Сарбанд бар рӯи рӯдхонаи Вахш дар вилояти Хатлони Тоҷикистон пас аз бозсозӣ дар тобистони соли 2018 вориди шабакаи воҳиди барқии ин кишвар,хоҳад шуд.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон, пас аз бозсозии турбинаи нахусти неругоҳи барқӣ обии Сарбанд, ки 51 сол қабл сохта шуда, заминаи тавлиди 5 мегаватт/барқи изофӣ дар ин неругоҳ фароҳам хоҳад шуд.

Бонки Рушди Осиё ба манзури таъмини ҳазинаи бозсозии 6 турбинаи нерӯгоҳи барқӣ обии Сарбанд дар Тоҷикистон, ба ин кишвар маблағи 136 миллион доллар вом ихтисос додааст. Пас аз бозсозии куллии ин неругоҳ, тавони тавлиди барқии он, ба 252 мегаватт хоҳад расид. Дар ҳоле, ки зарфияти феълии ин неругоҳ 240 мегаватт/барқ мебошад. Ба гуфтаи мақомоти Вазорати энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон, дар марҳалаи нахуст бозсозии таҷҳизоти неругоҳи барқӣ обии Сарбанд, таъвизи турбинаҳои аввал, дуввум ва панҷум то соли 2019 дар назар аст ва дар марҳалаи дуввум турбинаҳои сеюм, чаҳорум ва шашум низ иваз хоҳанд шуд.

Ҳамчунин бозсозии таҷҳизоти маркази мудирият, таъвизи хутути интиқоли барқи 220 ва110 киловаттӣ ва трансформаторҳои тавзеи барқи неругоҳи барқӣ обии Сарбанд, барномарезӣ шудааст.