Январ 04, 2018 18:05 Asia/Dushanbe
  • Барканории даҳҳо имомхатиб дар Тоҷикистон пас аз имтиҳони соли  2017

Пас аз имтиҳони солонаи салоҳият ва дониши имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ дар Тоҷикистон, даҳҳо тан аз имомхатибон аз мақоми худ барканор шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, барканории имомхатибони масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон дар пайи санҷиши дониши динӣ ва сиёсии онҳо, ки Кумитаи дин ин кишвар баргузор мекунад, сурат гирифтааст.

Ба ин тартиб аз 265 имомхатиби масоҷиди ҷомеи ин кишвар, ки салоҳияташонро комиссияи вижаи Кумитаи дин баррасӣ кардааст, даҳҳо тан аз кор барканор шудаанд.
Аммо мақомоти зирабт теъдоди дақиқи имомхатибонеро, ки дар имтиҳони салоҳияти имсол ширкат карда буданд, эълом накардааст.

Мақомоти тоҷик мӯътақиданд, гароиш бархе афрод ба мазҳабҳои бегона метавонад боиси эҷод тафриқа дар миёни ҷомеа шавад ва нақши имомхатибоне, ки аз имтиҳонҳои вижаи уламои динии расмӣ мегузаранд дар назорат ва ҷилавгирӣ аз густариши ин ақоид, бисёр муҳимм аст.

Гарчӣ аксари сокинони Тоҷикистон пайрави мазҳаби Ҳанафӣ мебошанд, аммо дар солҳои ахир даҳҳо нафар дар ин кишвар ба далели гароиш ба ҷараёни Салафия боздошт ва муҳокима шудаанд.

Санҷиши салоҳият ва дониши динӣ ва сиёсии имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон аз соли 2009 милодӣ оғоз шуда ва ҳар сол якбор ин озмун баргузор мешавад.