Афзоиши содирот ва коҳиши воридоти Тоҷикистон дар соли 2017
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i28005-Афзоиши_содирот_ва_коҳиши_воридоти_Тоҷикистон_дар_соли_2017
Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ аз афзоиши 35 дарсадии содироти маҳсулоти тоҷикӣ ба бозорҳои хориҷӣ ва коҳиши 10 дарсадии воридот дар Тоҷикистон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 06, 2018 09:58 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содирот ва коҳиши воридоти Тоҷикистон дар соли 2017

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ аз афзоиши 35 дарсадии содироти маҳсулоти тоҷикӣ ба бозорҳои хориҷӣ ва коҳиши 10 дарсадии воридот дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар ин гузориш омадааст, коҳиши чашмгири воридот, афзоиши содирот ва ҳамчунин коҳиши мудовими бахши сармоягузорӣ аз авоили соли 2016 метавонад тазъифи рушди ояндаи ин кишварро ба думбол дошта бошад.

 Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ муътақиданд, дар натиҷаи коҳиши шадиди ҳаҷми сармоягузорӣ ва тақозои маҳдуди масрафкунанда дар нимаи аввали соли 2017, ҳаҷми воридоти коло бо арзи хориҷӣ (доллар) 17.5 дарсад дар сол кам шудааст.

 Ҳамчунин коҳиши чашмгири ҳазинаи воридоти маҳсулоти пурҳазина, масолеҳи сохтмонӣ, васоили нақлия ва баръакс рушди содироти маҳсулот, аз ҷумла маводи маъданӣ ва ба мизон кам санъати нассоҷӣ то 60 дарсад дар сол сабт шудааст.

 Бо ин ҳол, шиддати коҳиши ҳаҷми содироти колоҳои асосие монанди алюминийи аввалия ва пахта ба тартиб ба мизони 21.6 дарсад ва 18.5 дарсад идома ёфт, ки ин амри пӯёии навасоноти қиматҳо дар бозорҳои хориҷӣ тайи солҳои ахирро мунъакис мекунад.